Виктория (Ҷазираҳои Сейшел)
Зоҳир
Шаҳр | |
англ. Victoria | |
04°37′51″ ю. ш. 55°27′43″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Минтақаи замонӣ | UTC+4 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Виктория (англ. Victoria, [viktɔʁja]) — пойтахт, шаҳр ва бандари ягонаи Ҷумҳурии Сейшел аст. Дар соҳили шимоли шарқи ҷазираи Маэ ҷойгир аст. Дар Виктория 1/3 аҳолии ҷазира зиндагӣ мекунанд.
Аз соли 1841 шаҳр ба шарафи Маликаи Бритониёи Кабир Порт-Виктория, аз соли 1960 Виктория номида шуд.
Солҳои 1903—1976 маркази маъмурии мулкҳои Англия дар уқёнуси Ҳинд буд. Дар Виктория моҳигирӣ ва саноати коркарди моҳиву мағзи норгил (ҷавзи ҳиндӣ), доруворӣ, истеҳсоли равғани эфир ривоҷ ёфтааст. Виктория донишкадаи политехникӣ, осорхонаи миллӣ ва китобхонаи миллӣ дорад. Бурҷи соат — нусхаи хурди Биг-Бени Лондон мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Виктория // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.