Муҳра (бадан)
Муҳра (Vertebra), устухонҳое, ки дар якҷоягӣ сутунмуҳраро ба вуҷуд меоваранд. Муҳра-ҳо новобаста аз мансубият ба қисмҳои гуногуни сутунмуҳра сохти умумӣ доранд. Муҳра аз тана ва камонак иборат аст. Танаи Муҳра аз қисми пеш ҷойгир буда, вазифаи такягоҳро иҷро мекунад. Камонак аз қафо ба воситаи пояча ба танаи Муҳра пайваст мебошад. Байни тана ва камонак сӯрохӣ мавҷуд аст, ки баъди болоиҳам ҷой гирифтани Муҳра-ҳо гузаргоҳи сутунмуҳраро ба вуҷуд меоваранд. Дар гузаргоҳ (канал)-и сутунмуҳра ҳароммағз ҷойгоҳ дорад. Дар сатҳи қафои танаи Муҳра сӯрохии ғизогирӣ дида мешавад. Тавассути он рагҳои хунгард (артерия ва венаҳо), ҳамчунин асабҳо мегузаранд. Аз камони Муҳра-ҳо шохачаҳо мебароянд, ки ба онҳо ниём (мушакпарда) ва мушакҳо устувор гаштаанд. Аз сатҳи мобайн ҷониби қафо бо ном шохаи шавкӣ (нӯгтез), аз камонак ба чапу рост бошад, шохаҳои кӯндаланг вуҷуд доранд. Аз камони Муҳра ба боло ва поён як ҷуфт шохаҳои забарӣ ва зерии бандҳо ба чашм мерасанд. Асоси шохаҳои бандҳо аз комаҳои болоӣ ва поёнии Муҳра иборат аст. Ҳангоми ба ҳамдигар васл шудани Муҳра-ҳо комаҳои болоӣ ва поёнӣ сӯрохиҳои рост ва чапи байнимуҳравиро пайдо мекунанд. Ба воситаи ин сӯрохӣ рагҳои хунгард ва асабҳои ҳароммағз мегузаранд. Дар баробари ин Муҳра-ҳои қисмҳои гуногуни сутунмуҳра сохт ва хусусиятҳои махсуси худро доранд. Ниг. низ Сутунмуҳра, Устухон, Ҳароммағз. КЛ Расми 1. Муҳраи сина. А – намуд аз пҳлӯ: 1 – танаи муҳра; 2 – ҷойгоҳи болоии қабурға; 3 – комаи болоии муҳра; 4 – шохачаи болоии банд; 5 – шохаи кӯндаланг; 6 – шохаи шавкӣ; 7 – шохаи поёнии банд; 8 – комаи поёнии муҳра; 9 – ҷойгоҳи поёнии қабурға. Б – намуд аз боло: 1 – камони муҳра; 2 – шохаи кӯндаланг; 3 – сӯрохи муҳра; 4 – шохаи болоии банд; 5 – ҷойгоҳи қабурғавии шохаи кӯндаланг; 6 – шохаи шавкӣ (нӯгтез). Расми 2. Муҳраи гардан; намуд аз боло. 1 – танаи муҳра; 2 – ҷойгоҳи қабурға; 3 – шохаи кӯндаланг; 4 – шохаи болоии банд; 5 – шохаи шавкӣ; 6 – сӯрохи шохаи кӯндаланг (сӯрохи артерияи сутунмуҳра). Расми 3. Муҳраи аввали гардан – атлант; намуд аз боло. 1 – камони пеш; 2 – ғафсии канорӣ; 3 – шохаи қабурға; 4 – сӯрохи шохаи кӯндаланг (сӯрохи артерияи сутунмуҳра); 5 – шохаи кӯндаланг; 6 – ҷӯяки артерияи муҳра; 7 – камони ақиб; 8 – дӯнгичаи ақиб; 9 – сатҳи болои банд; 10 – дӯнгичаи пеш.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |